Даҳҳо ҳазор сомонӣ: Мақомот хисороти офати табиӣ дар ноҳияи Деваштичро ҳисоб карданд

© Sputnik Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи мегуяд, селхезии ахир дар деҳоти ноҳияи Деваштичи Суғд садҳо ҳазор сомонӣ зарар дар пай гузоштааст
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Мақомот бо гузашти беш аз ду ҳафта зарари расида аз офати табииро маълум кардаанд.
Шермуҳаммад Сафаров, муовини бахши КҲФ дар ноҳияи Деваштич зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, гуфт, ки дар пайи селхезии рӯзи 27 август дар умум 13 хонавода дар деҳаи Ҳавотаги ҷамоати Муҷуни Деваштич дидаанд.
Маблағи зарар дар умум беш аз 250 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
“Ин маблағҳо ба ҳисоби 48 моли калони шохдор - 225 ҳазор сомонӣ охилхона бо маблағи - 1280 сомонӣ ва беш аз 8 км роҳҳои мошингард аст, ки зарари он 24 ҳазор сомонӣ маълум шудааст” – гуфт, Сафаров.
Ин мақомдори КҲФ гуфт, ки пас аз рухдоди ҳодиса дар ҳукумати ноҳияи Деваштич комиссияи вижаи бартарафсозии паёмади офати табиӣ таъсис ва ба кор шурӯъ кардааст.
Зимнан иншооту инфрасохторҳои заррардидаи аз ҷумла роҳҳои мошингард ҳавмор карда шудаанд.
Кӯмак ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2023
Кумак ба беш аз 500 хонаводаҳои аз сел осебдида дар Варзоб, Ҳисор ва Душанбе
Мақомот мегуянд дар назар аст рӯзҳои наздик масъулини ҳукумат ба сокинони зарардида чорвоҳои нобудшударо ҷуброн кунанд.
Бар пояи иттилоъи мақомот сар аз соли ҷорӣ то ин дам ин 3 – юмин ҳодисаи селфароӣ дар деҳоти ноҳияи Деваштич сабт шуда ва хисороти бузурги иқтисодӣ дар пай доштааст.
Ноҳияи Деваштич ва шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Масчоҳ, Айнӣ аз лиҳози рухдоди офатҳои табиӣ аз ҷумла селфароӣ осебпазир шумурда мешавад.
Ёдовар мешавем ҳамон шабу рӯз дар шаҳру навоҳии атрофи Душанбе низ селхезӣ ба амал омада хонаҳоро хароб карда мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар гардид.
Лентаи хабарҳо
0