Хуторская: Талабот ба мутахассисони рус дар Тоҷикистон зиёд аст

© Sputnik / Амир ИсаевШкольники сидят за партой в защитных масках
Школьники сидят за партой в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2023
Обуна шудан
Мақомоти Русия қабл аз фиристодани мутахассисон ба Тоҷикистон онҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳанду беҳтаринҳо, аз ҷумла ҷоизадорҳоро мефиристанд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Талаботи низоми маорифи Тоҷикистон ба мутахассисони рус зиёд ва онҳо низ омадаанд беҳтарин таҷрибаашонро табодул кунанд.
Ин нуктаро мушовир-фиристодаи сафоратхонаи Русия Вера Хуторская дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошта, афзуд, ки хоҳишмандони иштирок дар лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ низ зиёд шуда истодаанд.
Вай афзуд, ки мақомоти Русия танҳо беҳтарин омӯзгоронро мефиристанд ва дар байни онҳо як озмуни хеле ҷиддӣ мегузаронанд.
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Тоҷикистон дар таъсиси як созмон оид ба забони русӣ ширкат мекунад
"Ба ин ҷо бештар мутахассисони соҳибмалака, барандагони ҷоизаҳои гуногун меоянд. Дидани он хеле хуш аст ва мо омодаем бо шарики худ - бо Тоҷикистон ҳама чизҳои беҳтаринро мубодила кунем. Табиист, ки муаллимони мо низ",- шарҳ дод Хуторская.
Маврид ба зикр аст, ки Русия тайи солҳои охир даҳҳо омӯзгорро барои таълим дар макотиби Тоҷикистон мефиристад.
Ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия, Николай Журавлев ахиран гуфт, аз соли 2017, вақте, ки 29 омӯзгори аввал ба Тоҷикистон рафтанд, то ҳол теъдоди омӯзгорони ширкаткунанда дар лоиҳа, тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Таъкид гардид, ки дар Точикистон ба таълими забони русӣ диққати калон дода мешавад ва дар кишвар кори мактабҳои нав аз рӯи стандартҳои таълими русӣ инро тасдиқ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0