Парчамбардорони тоҷик дар Бозиҳои Осиё маълум шуданд

Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020
Сборная Таджикистана на в Олимпиаде в Токио 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ном ду варзишари тоҷикро, ки дар 19-умин Бозиҳои осиёӣ дар Чин парчами кишварро мебардоранд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 18 сент - Sputnik. Парчамбардорони ҳайати олимпии Тоҷикистон дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин ду нафар - як зан ва як мард хоҳанд буд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Темур Раҳимов, ҷудокори тоҷик ва Малика Лагутенко тирандози номдор парчамбардорони Ҳайати олимпии Тоҷикистон мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт.
Тоҷикистонро 110 варзишгар аз рӯи 19 равияи варзишӣ дар ин бозиҳо намояндагӣ мекунанд, афзуд Кумитаи миллии олимпӣ.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2023
Тоҷикон дар UFC: Алиев бо размикоре, ки Раҷабовро шикаст дод, вориди майдон мешавад
Барои ҳар медал аз ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷоиза таъйин шудааст. Ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми то 150 ҳазор сомонӣ ба варзишкороне пардохт карда мешавад, ки аз дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиёӣ нишони тилло мегиранд
Варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали нуқра мегиранд 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулиро соҳиб хоҳад шуд.
Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок дошта, то ҳол варзишкорони тоҷик соҳиби ҷоизаҳои ин мусобиқаро ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0