Дар Тоҷикистон даври сеюми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ баргузор шуд

© SputnikВступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане
Вступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Обуна шудан
Ҳар касе, ки дар даври сеюми имтиҳонҳои тестӣ иштирок кардан мехост, имкон дошт, ки пешакӣ сабти ном карда, ариза пешниҳод намояд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ баргузор шуд.
Дар ин бора аз Маркази миллии тестии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, санҷишҳо дар асоси қисмҳои таҳсилоти умумии асосӣ А ва Б гузаронида шуданд.
Дар имтиҳонҳои даври сеюм довталабоне, ки аз 4 сентябр то 13 сентябри соли ҷорӣ сабти ном шуда буданд, ширкат варзиданд.
Зиёда аз 8,7 ҳазор нафар хоҳиши иштирок дар санҷишҳои тестӣ, аз ҷумла 6,5 ҳазор довталаби дорои маълумоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи махсус ва 2,2 ҳазор нафар дорои маълумоти асосии умумӣ (синфҳои 9) будаанд.
Вступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Ҳамагӣ сеяки хатмкунандаҳо дар Тоҷикистон донишҷӯй шудаанд
Барои гузаронидани ин даври имтиҳонҳо дар заминаи муассисаҳои таълимии 11 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ – Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои дахлдор ташкил карда шудаанд.
Дар Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва миёна чанд марҳилаи имтиҳонҳои санҷишӣ гузаронида мешавад.
Довталабоне, ки аз рӯи ягон ихтисоси интихобкардаашон комёб намегарданд, метавонанд дар даври баъдӣ ширкат варзанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи марҳалаи аввали қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли равон изҳори нигаронӣ карда буд
Ӯ зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара гуфт, аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.
"Солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст", - таъкид кард Раҳмон.
Вай афзуд, ки вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0