Вакилони Хатлон мубориза бо фасоду заминфурӯширо баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкПортфели
Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Обуна шудан
Вакилони халқи вилояти Хатлон бо баргузории як ҷаласа ҳисоботи мансабдоронро дар масоили доғи рӯз, аз ҷумла мубориза бо фурӯши заминро баррасӣ мешунаванд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор мегардад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласа рӯзи 28 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Дар феҳрасти масоили баррасишаванда 3 масъалаи калидӣ, аз ҷумла мубориза бо коррупсия ва заминфурӯшӣ зикр гардидаанд.
Аз ҷумла сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояту фармони президент дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар барои давраи соли 2030 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот медиҳад.
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Барканории 88 шахси масъул дар Хатлон
Вакилони халҷӣ ҳамчунин ҳисобот дар мавриди рафти иҷрои барномаи рушди саноати хӯрокворӣ барои солҳои 2020-2025-ро мешунаванд.
Аз масоили сеюми калидии ҷаласа мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ бо замин мебошад, ки яке аз масоили доғ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ба вакилон раисони Кумитаи идораи замини вилоят ва минтақа оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партоб ва таъмини иҷрои Кодекси замини ҷумҳурӣ гузориш медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0