Ҳукумати толибон* бартарии қавмиро дар Афғонистон рад кард

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARТалибы стоят на улице
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Сарпарасти вазорати сарҳадоти ҳукумати толибҳо гуфт, ки ақвом ва қабоил бартарии қавмӣ дар ҳукумати феълиро рад кард
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сарпарасти вазорати сарҳаддот, ақвом ва қабоили толибон* муллои Нуриаллоҳи Нурӣ, ахиран дар нишасти мардумӣ ки дар вилояти Самангон баргузор шуда буд, гуфт ки дар ҳукумати толибон ҳеҷ қавме бар қавми дигар бартарӣ надорад ва ҳама дар баробари қонун яксон ҳастанд, иттилоъ додаааст “Радиои дарӣ”.
Нурӣ афзуд, ки дар Афғонистони ақвоми мухталиф зиндагӣ мекунанд ва ҳама дар низоми кунунӣ баробар ҳастанд.
Вай афзуд, ҳануз ҳам дастҳое вуҷуд дорад,ки аз беруни кишвар дар миёни миллат фитнаангезӣ мекунанд ва низоми феълиро ҳукумати як қавму қишри хос талаққӣ мекунанд.
Вазири ақвом қабоили ҳукумати толибон* афзуд, дар кишвар сулҳу амнияти барқарор шуда вале ҳануз ҳам душманони дайн бо ҳарфҳои пучи худ азҳони мардумро барҳам мезанад, пас набояд фиреби чунин ашхосиро хурд.
Афганская женщина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Толибон*: Ҳуқуқи занон дар низоми ҳукумати мо зери по нашуда аст
Гурӯҳи толибон* аз замон ба қудрат расидан дар Афғонистон аз авохири моҳи августи соли 2021 барои ҳамкорӣ ва густариши равобит бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақа, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талош мекунад.
Аммо бо сабаби маҳдудиятҳо нисбати занон ва таҳсили духтарон ва такқавмӣ будани ҳукуат то ҳол ҳеҷ кишваре ҳукумати толибонро* ба расмият нашинохтааст.
*- созмонё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0