ВМКБ чанд зани мансабдор дорад?

© Пресс-служба председателя ГБАОЗаседание администрации ГБАО под председательством Алишера Мирзонабота
Заседание администрации ГБАО под председательством Алишера Мирзонабота - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2023
Обуна шудан
Аз миёни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нисбатан бештар занон дар Рӯшон фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Занон дар мақомоти мақаҳллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ маҷмӯъ 234 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз 74 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Ба иттилои бахши Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар ВМКБ, аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи шаҳри Хоруғ 31 нафар, ноҳияи Дарвоз - 11, ноҳияи Ванҷ - 12, ноҳияи Рӯшон - 36, ноҳияи Шуғнон - 32, Ишкошим - 21, Роштқалъа - 28 ва ноҳияи Мурғоб 26 нафар зан фаъолият доранд.
Мақомоти ВМКБ мегӯянд, барои тарбияи кадрҳои болаёқат ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон чораандеширо таҳким мебахшанд.
Женщины в национальной одежде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Теъдоди бизнес-ледӣ ва занони мансабдор дар Душанбе маълум шуд
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа талош дорад, ки онҳоро ҳарчи бештар ба фаъолият дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла ба хизмати давлатӣ ҷалб намояд.
Аз ҷумла, раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Ҷумъа Давлатов дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гуфт, аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафари он занон мебошанд.
Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ, шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 118 нафар зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0