Кишварҳои ИДМ дар Самарқанд истифода ва ҳифзи қаъри заминро баррасӣ доранд

© Саридораи геологияи ТоҷикистонИҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ
Иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Обуна шудан
Дар Самарқанд таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Тоҷикистон ба кор оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳисобот дар бораи фаъолияти Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар давраи байни ҷаласаҳои XXV ва XXVI шунида мешавад.
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки дар доираи ин ҷаласа, мулоқоти кории Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо директори Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Русия (Роснедра) Евгений Петров баргузор гардид.
Флаги и эмблема Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Вазирони адлияи ИДМ ба Душанбе меоянд
Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқот татбиқи барнома тӯли як сол, инчунин масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бораи коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминиро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар ин дидор мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии ду кишвар, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ роҷеъ ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони соҳаи геология мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0