https://sputnik.tj/20230925/dushanbe-festival-lukhtak-barguzor-1059568931.html
Дар Душанбе фестивали лӯхтак баргузор мешавад
Дар Душанбе фестивали лӯхтак баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи ин ҷашнвора тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд
2023-09-25T09:41+0500
2023-09-25T09:41+0500
2023-09-25T09:49+0500
душанбе
дар тоҷикистон
фарҳанг
фестивал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047141725_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_6a7ac580160571ddb8850f35fa95088d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аз 24 то 29 октябр дар Душанбе Фестивали VII байнулмилалии лухтак бо номи “Чодари хаёл” баргузор мешавад. Дар ин бора аз Театри давлатии лӯхтаки пойтахти Тоҷикистон хабар доданд. Ҳадафи аслии ин ҷашнвора таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии тоҷик ва ҳамчунин тарбияи фарҳангии насли наврас мебошад. Дар чорчӯби ин ҷашнвора тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд. Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар фестивали "Чодари хаёл" баромад мекунанд. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ мекунанд.Ҳамин тариқ, дар намоишгоҳ Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши "Маликаи маккор", театри Бӯстон намоиши "Ҳинди тиллоӣ" ва театри Бохтар "Хари маккор"-ро пешкаши ҳаводорон хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20230910/joiza-film-tojik-jashnvorai-film-1059307061.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1c/1047141725_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_df67027e43bef4c244ad6167323ab01e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
душанбе фестивал лӯхтак
Дар Душанбе фестивали лӯхтак баргузор мешавад
09:41 25.09.2023 (Навсозишуда: 09:49 25.09.2023) Дар доираи ин ҷашнвора тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аз 24 то 29 октябр дар Душанбе Фестивали VII байнулмилалии лухтак бо номи “Чодари хаёл” баргузор мешавад.
Дар ин бора аз Театри давлатии лӯхтаки пойтахти Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи аслии ин ҷашнвора таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии тоҷик ва ҳамчунин тарбияи фарҳангии насли наврас мебошад.
Дар чорчӯби ин ҷашнвора тамошобинон метавонанд намоишномаҳои театрҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро бубинанд.
Ғайр аз ин, донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар фестивали "Чодари хаёл" баромад мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар намоишгоҳ Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши "Маликаи маккор", театри Бӯстон намоиши "Ҳинди тиллоӣ" ва театри Бохтар "Хари маккор"-ро пешкаши ҳаводорон хоҳанд кард.