Маҳмадбеков тило ва Хоҷазода нишони биринҷии Бозиҳои Осиёро гирифт

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Обуна шудан
Дар таърихи ҷудои Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков нахустин паҳлавон мебошад, ки ба даври ниҳоии Бозиҳои Осиё роҳ ёфта, соҳиби медали тило шуд
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило дар финали 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу пирӯз шуда, нишони тило гирифт.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Маҳмадбеков дар даври ниҳоӣ барои нишони тило бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ сабқат карда, дастболо гардид.
Ҳамчунин ҷудокори дигари тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило барои нишони биринҷӣ бо паҳлавони чинӣ зӯр озмуда, пирӯз шуд. Ҳамакнун дар сандуқи варзишии Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу 2 медал мебошанд, ки онро ҷудокорони тоҷик оварданд.
Ин бозиҳо бояд соли 2022 баргузор мешуданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемияи коронавирус як сол ба таъхир гузошта шуданд.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2023
"Baku Grand Slam 2023" барои Тоҷикистон бе медал хотима ёфт
Маврид ба зикр аст, ки 19-умин Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 равияи варзишӣ давом хоҳанд дошт. Тоҷикистонро дар он беш аз 130 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ахиран қарор кард, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило - 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра - 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0