Бо иштироки меҳмонони хориҷӣ: Рӯзи Хуҷандро чӣ гуна ҷашн гирифтанд? – видео

Обуна шудан
Барои таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли Тоҷикистон садҳо нафар сокинони кишвар ва инчунин меҳмонон аз хориҷ ташриф оварданд
Ба ифтихори солгарди Рӯзи шаҳр дар майдони назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ намоишгоҳи дастранҷи сокинон ва барномаи фарҳангӣ ташкил шуд, ки ин ҳама табъи иштирокчиёнро шоду болида менамуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ин чорабинӣ рафт ва лаҳзаҳоеро аз он ба навор гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳузури меҳмонон, ки аз шаҳрҳои Шимкенти Қазоқистон ва Могилёви Белорусия, ки ба чорабинӣ ташриф оварда буданд, хайрамақдам намуда, Рӯзи шаҳри Хуҷандро ба ҳамаи шаҳриён табрик гуфт.
Олимону нависандагон ва шоирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Хуҷанд ҷамъ омаданд
“Хуҷанд дар саргаҳи Шоҳроҳи абрешимӣ дар Мовароуннаҳр ҳамчун маркази иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангу илм рушд кардааст. Роҳи бузурги абрешим ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон, Шарқи наздик, Чин ва ҳавзаҳои баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт. Хуҷанд зодгоҳи лашкаркашони сарбаланд, олимони бузург, ситорашиносони маъруф, муаррихони номвар, ҷуғрофидонону риёзидонон, шоирону нависандагон ва навозандагони мумтоз мебошад” – зикр кард, Аҳмадзода.
Соли 2014 қарори шаҳрдорӣ дар бораи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд қабул шудааст. Аз он замон ба ин тараф ҳамасола рӯзи 25 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Дар Хуҷанд ба 40 бонуи ҳунарманд барои пешрафти корашон грант доданд
Ҳуқумати шаҳри Хуҷанд имсол барои таҷлили ин сана як қатор сарояндаҳои маъруфи хориҷӣ аз Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон Согдиана ва Бунёдбек Саидов ва ҳунармандони шуҳратёри кишвар Ҷӯрабек Муродов, Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов, Нобовар Чиноров, Дилноза Каримова, Донишманд Қутбиддинов, Анвар Қосимов ва дигаронро ба чорабинии фарҳангӣ даъват намудааст.
Лентаи хабарҳо
0