Истеъфои Аслиддин Ҳабибуллоев аз мақоми сармураббии дастаи "Хатлон"

© Клуби Футболи "Хатлон"Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Хатлон"-и Бохтар
Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи Хатлон-и Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии шоистаи Тоҷикистон, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик ва сармураббии дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар аз вазифааш истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббиидастаи"Хатлон" пас аз нокомиҳоипайдарҳамидаста дар мавсими имсолаи ЧемпионатиТоҷикистоназ мақоми сармурабигиидаста истеъфо дод.
Дар ин бора дастаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Аслиддин Ҳабибуллоев бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.
Аслиддин Ҳабибуллоев аз соли 2020 то ба имрӯз дар вазифаи сармураббии дастаи "Хатлон" фаъолият мекард.
Ба иттилои дафтари матбуоти дастаи "Хатлон" баъд аз истеъфо Ҳабибуллоев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии нави даста Меҳроб Заҳурбеков ва ёвари ӯ Камолҷон Ортиқов таъин гардид.
Президент клуба Истиклол Душанбе Шохрух Саидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2023
Нигаронӣ ва шодии Шоҳрух Саидзода аз омадани Роналду ба Душанбе: Шоҳи футбол меояд
Аслиддин Ҳабибуллоев бо дастаи футболи "Хатлон" соли 2020 ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад ва мақоми дуюмро касб намуд.
Соли 2022 Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, Чемпионатро дар зинаи чаҳорум ҷамъбаст намуд.
Имсол дастаи "Хатлон" зери роҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад, ки дар назар аст бозии нахустини хешро санаи 29-уми сентябр бо дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб доир намояд.
Аслиддин Ҳабибуллоев корномаи сармураббигиро аз соли 2009 оғоз намуда, ҳамон сол бо дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозири “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) Чемпиони Тоҷикистон гардида, ба Ҷоми Президенти Конфедератсия Футболи Осиё роҳхат гирифта, то марҳилаи нимниҳоии мусобиқа рақобат намудаанд.
Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев қаблан дар дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (2011-2013), “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016) ва “Хатлон” (2017-2019) ба ҳайси мураббии калон кор кардааст.
Женская национальная сборная Таджикистана не вошла в финальную часть кубка Азии-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Панҷ зина поин рафт: Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар риштаи футбол дар раддабандии ФИФА
Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати тими мунтахаби миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.
Мавриди зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад.
Ҳамчунин, дар соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.
Лентаи хабарҳо
0