Дар бозори молиявии Тоҷикистон боз як тафтишгар зиёд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевБизнес-центр "Душанбе-Плаза". Архивное фото
Бизнес-центр Душанбе-Плаза. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “ЭЙЧ ЭЛ БИ ТОҶИКИСТОН АУДИТ” барои анҷом додани фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раёсати Бонки миллӣ ба ширкати ЭЙЧ ЭЛ БИ ТОҶИКИСТОН АУДИТ” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ иҷозатнома дод.
Дар ин бора хадамоти матбуоти бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ иҷозатнома ба раҳбарияти ташкилоти аудиторӣ ахиран супурда шудааст.
“Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори Раёсати БМТ ба ҶДММ “ЭЙЧ ЭЛ БИ ТОҶИКИСТОН АУДИТ”, барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд”, - таъкид намудааст Бонк.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар асоси қарори мазкур идораи назорати суғуртавӣ вазифадор гардидааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) сабти дахлдорро ворид намояд.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Ширкати аудиторӣ “Крестон АС” барои панҷ сол иҷозатномаи фаъолият гирифт
Ёдоварӣ мекунем, ки дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои БМТ дар бозори молиявии Тоҷикистон 11 ширкати аудиторӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла дар миёни ин 11 ширкатҳои аудиторӣ, ширкатҳои маъруфи байналмилалӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доранд.
Барои мисол дар ҳудуди Тоҷикистон ширкати “Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder”, “Моор Стивенс”, “Кроу Хорват-ЭЙСИҶӢ”, “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” ва ғайра фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0