Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷониба дар дидор Муттақӣ ва намояндаи раисҷумҳури Русия

© AFP 2023 / HOSHANG HASHIMIВазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон дар гуфтугӯ бо намояндаи раисҷумҳури Русия густаришу истеҳкоми равобити ду кишварро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон Амирхон Муттақӣ бо намояндаи раисҷумҳури Русия Эделгериев Руслан Сайд-Хусайнович дидору гуфтугӯ кард
Дар эъломияе, ки дафтари матбуотии вазорати хориҷаи ҳукумати толибон* интишор намудааст гуфта шудааст, ки дар ин дидор оқои Муттақӣ ба густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ва бардоштани гомҳои амалӣ дар арсаи тиҷорату ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф таъкид кард.
Оқои Муттақӣ густаришу истеҳкоми равобити дутараф муҳим хонд.
Ҳамчунон вазири умури хориҷаи толибон* ба ҷилавгирӣ ва муборза бо маводи мухаддир, дармони муътодин, таъмини амнияти саросарӣ, аз байн бурдани ДИИШ*, посдорӣ аз сарҳаддот ишора намуда онҳоро аз дастоварадҳои ҳукумат толибон* хонд.
Ин дидор, дар сафари Муттақӣ ва ҳайати ҳукумати толибон*, ки расман ғарази ширкат дар формати Маскав даъват шудаанд, сурат гирифт.
Замир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Кобулов: Эрон ҷойи Амрикоро дар тройкаи тавсеаёфта барои Афғонистон гирифтааст
Ҳамчунон дар ин дидор Эдельгериев Руслан намояндаи Путин дастовардҳои ҳукумати толибонро* муҳим хонда ва ин иқдомотро қобил тақдир донист.
Вай иброз омодагӣ кард, ки кишвараш дар арсаҳои мухталиф бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.
Намояндаи раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки ҷаҳон бояд дар ҷараёни тасвири ҳақиқии пешрафтҳои Афғонистон қарор бигирад, то ҳамаи ҳақиқатҳоро бидонанд.
Дар поён тарафайн аз ин нишаст абрози хушнудӣ карда ва масоили тағйири иқлим, омӯзиш, зироат, санъат ва варзишро низ мавриди баррасии қарор дода ва дар бораи сафарҳои дуҷониба ва густариши равобит байни Афғонистону Русия таъкид карданд.
Ин дар ҳолест, ки пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибон* ин аввалин бор аст, ки аз ҳукумати толибон* бахотири ширкат дар як нишасти байналмилалӣ расман даъват мешавад.
* - созмон ё гурӯҳе,ки барои амалҳои террористиаш зери таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0