Душанбе нигарониҳояшро дар мавриди Афғонистон баён дошт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанАвтомобильной дорога Куляб-Хорог-Кульма-Китай от села Йогед до центра Дарвозского района
Автомобильной дорога Куляб-Хорог-Кульма-Китай от села Йогед до центра Дарвозского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Мақомдори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мутобиқ шудани террористону ифротгароён дар Афғонистонро ба воқеиятҳои нав нигаронкунанда хонд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Гурӯҳҳои ҷиноии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо террористон ва тоҷирони маводи мухаддири афғон робита доранд.
Ин нуктаро сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Шараф Раҳимӣ зимни нишаст дар масоили Афғонистон дар шаҳри Қазон баён доштаст.
"Мо аллакай оқибатҳои фаъолияти созмонҳои террористӣ дар Афғонистонро дар сарҳади давлатӣ эҳсос карда истодаем", - гуфтаст Раҳимӣ.
Аз ҷумлаи омилҳои нигаронкунанд, тирборон кардани хоки Тоҷикистон, робитаи зич байни гуруҳҳои ҷиноии ВМКБ ва террористону ҷинояткорони маводи мухаддир дар Афғонистон мебошад.
Раҳимӣ мояи нигаронӣ хондаст, ки террористону ифротиён дар Афғонистон ба воқеиятҳои нав мутобиқ шуда истодаанд.
"Бояд ҳамчунин дар хотир дошт, ки ин унсурҳои террористӣ дар арсеналҳои худ миқдори зиёди аслиҳаи сабук, вазнин ва дигар муҳимоти низомӣ доранд", - гуфт ӯ.
Вид на Тульский Кремль со стороны Казанской набережной на закате дня. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Эътирози Тоҷикистон ба бархе бандҳои эъломияи Қазон дар мавриди Афғонистон
Мақомдори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо таассуф зикр намудаст, ки бо гузашти беш аз 20 соли мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон, ҳамчунон фаъолияти созмонҳои террористиву ифротӣ ба таври равшан мушоҳида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти формати Маскав дар умури Афғонистон дар шаҳри Қазон дар баробари намояндагони толибон* мақомдорони кишварҳои ҳамсоя низ иштирок карданд.
Эъломияи ин нишастро ҳамаи ҳайатҳои иштирокдори нишаст тасвиб кардаанд, ба истиснои ҳайати Тоҷикистон, ки бо бархе аз бандҳои эъломия норозӣ будаст.
Лентаи хабарҳо
0