Тими муштзанҳои тоҷик бо рақибони русиягияшон нерӯ месанҷанд

© Sputnik / Стас ЭтвешБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Федератсияи бокси Тоҷикистон аз баргузории мусобиқаи бузурги байналмилалӣ бо иштирои тими муштзанҳои кишвар дар қаламрави Русия хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс дар ҳайати 7 нафар бо ҳарифонашон аз Русия вориди майдон мешаванд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур баъди зуҳри 30 сентябр дар маҷмааи варзишии "Қасри яхини варзишӣ" - и шаҳри Набережние Челни оғоз мешавад.
Мусобиқаи байналмилалӣ байни дастаҳои Русия ва Тоҷикистон таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс сурат мегирад.
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Шикасти Усмонов ва пирӯзии Ҳақназарова дар Бозиҳои Осиё
Федератсияи бокси Тоҷикистон таъкид мекунад, ки мухлисонро дар ин мусобиқа зӯрозмоиҳои оштинопазирии муштзанон интизор аст.
Аз ҷумла дар мусобиқаҳои чордварӣ Двали Дмитрий аз Русия бо Ҷумахонов Мамед дар вазни 54 кило вориди майдон мешаванд.
Дар вазни 57 кило муштзани Русия, Дмитрий Шиповский Хусравхон Раҳимов нерӯ месанҷад. Кагир Минатуллоев дар вазни 60 кило бо Абубакр Муродзода Абубакр (60 кг), Магомедов Магомеднури бо Шукрат Саломатов Шукрат дар вазни 67 кило сабқат мекунанд.
Намояндаи дигари Русия, Алексей Семикин дар вазни 75 кило бо Некрӯз Салимов, Илёс Магомедов бо Абдумалик Болтаев Абдумалик (80 кг) , Антон Зайтсев бо Парвиз Каримов дар вазни 86 кило майдондорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0