Қаиқрони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ ба финал баромад

© сомонаи Кумитаи олимпии ТоҷикистонШаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик
Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2023
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар бахши қаиқронӣ ду варзишгар намояндагӣ карданд, ки яке аз онҳо тавонист роҳро то даври ниҳоӣ барои худ ҳамвор кунад
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Шаҳриёр Даминов, қаиқронӣ варзида аз Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард.
Дар ин бахш аз Тоҷикистон ду нафар: Шаҳриёр Даминов ва Абдусаттор Давлатов сафарбар шуданд, ки охири ноком шуд, вале Даминов то даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Сабқати ин ду қаиқрон дар масофаи 1000 метр сурат гирифт.
Ҳамакнун рӯзи 2 октябр ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин бахши варзиш барои гирифтани медал талош мекунад.
Хайрандеш Мурадзода завоевал вторую бронзовую медаль на Азиатских играх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2023
Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ соҳиби боз як медали дигар шуд
Ёдовар мешавем, ки то рӯзи ҳафтуми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2023 Тоҷикистон ба гирифтани 4 медал ноил гардидааст.
Аксари медалҳоро ҷудокорони тоҷик ба даст оварданд. Аз ҷумла Сомон Маҳмадбеков ҷудокори номӣ нишони заррини ин мусобиқаро ба гардан овехт.
Ҳамчунин Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг сазовори медали нуқра шуд. Медали саввумро, ки биринҷӣ аст Беҳрӯз Хоҷазода, ҷудокори дигар ба даст овард.
Ҳамчунин ба хазинаи варзишии Тоҷикистон як медали биринҷӣ дар риштаи куштии кураш ворид шуд, ки онро Хайрандеш Муродзода гирифт.
Лентаи хабарҳо
0