Ғолибони 20-рӯзаи аввали мусобиқаи пахтачинӣ дар Суғд маълум шуданд

© Фото : Пресс-служба администрации Согдийской областиСбор хлопка в Таджикистане
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
Нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд дар соли равон зиёда аз 135 ҳазор тонна пахта муқаррар шудааст, ки то ҳол наздики 30%-и нақша иҷро гардидаст
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ноҳияи Ашт ғолиби бистрӯзаи аввали пахтачинӣ эълон шуда, пахтакорони он бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор доштааст, ки бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷӯшу хурӯш аст.
Аз натиҷаи давраи аввали мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт​ ғолибони мусобиқа дониста шуданд, омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар ноҳияи Ашт соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 14,2 ҳазор тонна буда, аз аввали мавсим наздики 6,7 ҳазор тонна ё худ зиёда аз 47%-и нақша ҷамъоварӣ шудаст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсол 18,8 ҳазор тонна муқаррар шуда,​ 41%-и он иҷро шудааст.
Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта - 2023 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2023
Аз мансабдор то кишоварзи тоҷик дар майдони пахта - аксҳо
Ба иттилои мақомомти Суғд, дар назар аст, ки соли равон дар вилоят зиёда аз 135 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки то ҳол наздики 40 ҳазор тон ё худ 30%-и нақша иҷро гардидаст.
200 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То имрўз ба хирмани Ватан 39​ ҳазору 935,9 тонна дурри сафед рехта шуд, ки ба 29,5​ фоизи нақша баробар мебошад.
Раиси Суғд ба ҳашарчиёни боҳиммат, чун ҳарвақта ба деҳқонон дасти мадад дароз мекунанд, изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор дастур дода шуд, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва ҷамъоварии дигар зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Лентаи хабарҳо
0