Сурия аз Туркия даъват кард, ки нерӯҳояшро аз ин кишвар берун кунад

© APТурецкие солдаты в Сирии
Турецкие солдаты в Сирии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Сурия гуфт, бидуни хуруҷи нерӯҳои Туркия аз қаламрави Сурия, ба эътидол овардани равобит ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Сурия ҳузури нирӯҳои туркро дар қаламрави худ ишғоли ғайриқонунӣ медонад.
"Туркия бояд контингенти низомии худро хориҷ кунад, дар акси ҳол, ба эътидол овардани муносибатҳои байни кишварҳо ғайриимкон аст", - изҳор дошт муовини вазири корҳои хориҷии Сурия Бассам ас-Саббоҳ дар мусоҳиба бо РИА Новости.
Ба гуфтаи ас-Саббоҳ, як қатор қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал вуҷуд доранд, ки эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Сурияро тақозо мекунанд. Илова бар ин, чунин изҳорот дар доираи формати Остона, ки Туркия бахше аз он аст, садо дод, гуфт ӯ.
"Туркия бояд нерӯҳои худро берун кашад. Мо, албатта, омода ҳастем, ки бо онҳо ҳама ҷанбаҳои дигарро баррасӣ кунем, аммо онҳо набояд исрор кунанд, ки (қӯшунҳо) боқӣ монад. Ин як ишғоли ғайриқонунӣ аст", - илова намуд ӯ.
Министр внутренних дел Турции Сулейман Сойлу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2023
Туркия гуфт, ИМА талоши ташкили давлати террористиро дорад: Дар куҷо?
Яшар Гулер, вазири амнияти миллии ин кишвар, дар авохири моҳи сентябр гуфта буд, ки Туркия танҳо пас аз фароҳам кардани фазои амн нирӯҳои худро аз Сурия хориҷ хоҳад кард.
Соли 2011 дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Туркия, ки пеш аз муноқиша бо Димишқ равобити наздик дошт, дар канори мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия буд. Аз он замон то кунун равобити Туркия бо Сурия мушкил боқӣ мондааст. Аммо ахиран ҳарду ҷониб ва ҳамчунин расонаҳои хабарӣ, ки равобити ду кишварро инъикос мекунанд, аз имкони ба эътидол овардани тадриҷан ҳарф мезананд.
Моҳи декабри соли гузашта Русия мизбони нахустин музокироти вазирони дифоъи Туркия ва Сурия дар 11 соли ахир гардид. Асад гуфт, хуруҷи нирӯҳои Туркия аз Сурия шарти зарурӣ барои ба эътидол овардани равобити Димишқ ва Анқара аст.
Лентаи хабарҳо
0