Қариб сад нафар дар Душанбе дипломи филиали МГУ-ро гирифтанд

© Sputnik / Амир ИсаевФилиал МГУ имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе
Филиал МГУ имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе мутахассисони бахши муносибатҳои байналмилалӣ, идораи давлатӣ, забоншиносӣ, информатика, геология ва кимиёро омода кард
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар Душанбе ба хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Маскав, маъруф ба МГУ диплом супурда шуд.
Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин маросим 93 нафар донишҷӯёне, ки таҳсили худро дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии давлатӣ, забоншиносӣ, информатика, геология, кимиё ва физика ва ғайра хатм кардаанд, ширкат варзиданд.
Мушовири сафири Русия Вера Хуторская хатмкунандагонро табрик гуфта, аҳамияти таҳсилоти олиро қайд кард.
Аксари хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои худ, аз ҷумла чаҳор нафар дар намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон кор мекунанд, афзуд манбаъ.
Чрезвычайный и полномочный посол России в Таджикистане Семен Григорьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Маълум шуд, ки чӣ қадар донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд
Қаблан хабар дода шуд, ки талабот ба таҳсилоти олии Русия дар Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, ки дар муассисаҳои олии таълимии кишвар беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил доранд.
Таъкид шуда буд, ки ин омор ҳама шаклҳои таҳсил ва донишҷӯёни филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар хориҷа ва созмонҳои муштараки таълимиро фаро мегирад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти маорифи Русия таъкид карда буданд, ки ният доранд, ҳузури маорифи русиро дар хориҷи кишвар густариш диҳанд.
Вазорати маорифи Русия пештар эълон карда буд, ки ҳузур дар бахши маорифи кишварҳои хориҷиро таҳким мебахшаду музокирот барои ифтитоҳи филиалҳо баргузор шуда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0