Кожошев гуфт, кишварҳои ИИАО ба долони "Шимол - Ҷануб" таваҷҷуҳ доранд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Арзибек Кожошев
Вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Арзибек Кожошев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Обуна шудан
Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои амалӣ намудани лоиҳаҳои зерсохторӣ талош доранд, ки метавонанд роҳҳои нави тиҷорату имконоти ҷадидро бикушоянд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Долони байналмилалии нақлиётии "Шимол - Ҷануб" аз масоили меҳварии баррасишаванда миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё масоили ҳамлу нақли бор ва инфрасохтори нақлиётӣ дар заминаи "Шимол-Ҷануб" дар мулоқоти вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо вазири энергетика ва инфрасохтори ИМА, Суҳайл Муҳаммад Ал Мазруӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи қарорҳои муосири рақамӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, бахусус дар манотиқи бандарҳои баҳрӣ ва густариши ҳамкорӣ дар рушди технологияҳои сабз ва манобеъи барқароршавандаи энергияро баррасӣ карданд.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Кожошев самтҳои асосии рушди нақлиёт дар ИИАО-ро эълон кард
Кожошев махсусан ба аҳамияти долони байналмилалии "Шимол - Ҷануб" таъкид кардааст.
"Феълан дар ҳудуди АвруОсиё долони байналмилалии нақлиётии "Шимол - Ҷануб" босуръат рушд ёфта истодааст ва кишварҳои узви ИИАО барои татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ талош доранд, ки роҳҳои нави тиҷорату имконоти ҷадид барои Иттиҳодро мекушоянд", - гуфт ӯ.
Ин тарҳ ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан аз тариқи Туркманистону Эрон ва минбаъд бо роҳи баҳрӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад.
Зарфияти боркашонӣ тариқи долони "Шимол-Ҷануб" метавонад то соли 2030 ба 41-45 млн тон расад, интизор доранд таҳлилгарони ИИАО.
Лентаи хабарҳо
0