Афғонистонро се заминҷунбии қавӣ такон дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2023
Обуна шудан
Шадидтарин заминҷунбии, ки субҳи рӯзи 7 октябр Афғонистонро такон дод, 6.2 дараҷа буд. Пасон ду заминҷунбии дигар ин кишварро ларзонд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Субҳи Афғонистон бо заминҷунбунбиҳои пай дар пай дамид, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин.
Ба иттилои ин марказ нахуст заминҷунбӣ бо шиддати 6.1 дараҷа рух дод. Пасон соати 6:41 ба вақти маҳаллӣ боз як ҷунбиши замин бо қувваи 6.2 дараҷа сабт шуд. Ин офати табиӣ дар 40 километрии шаҳри Ҳирот дар чуқурии 10 км ба амал омад.
Зимнан, чанд дақиқа пас, аниқтараш соати 6:49 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ боз як заминҷунбии қавии дигар рух дод. Ин навбат ларзиши замин ба 5.6 дараҷа баробар буд. Макони он дар 35 киломтрии шимолу ғарби Ҳирот дар чуқурии 35 км ба вуқӯъ омад.
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Ванҷро заминҷунбиҳои пай дар пай такон медиҳад
Феълан, маълумотҳо дар мавриди хисорти ин се заминҷунбии қавӣ рӯи даст нест. Ҳамчунин маълум нест, ки ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ дошт ё на.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл дар Тоҷикистон, аниқтараш дар ноҳияи Ванҷ заминҷунбиҳои пай дар пай рух доданд, ки шиддати онҳо 4, 4.4 ва 4.7 дараҷа буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи сар задани офатҳои табиӣ гуфт, бар асари ҷунбиши замин дар ин ноҳия хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Лентаи хабарҳо
0