Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Белорус беш аз 40 созишнома имзо карданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкБиологический факультет МГУ
Биологический факультет МГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2023
Обуна шудан
Ҳамкориҳои муваффақ ва фаъоли Беларус ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, пеш аз ҳама, хидмати раҳбарони кишварҳост, гуфта мешавад дар ҳамоиши ректорон
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориҳои фаъолро дар соҳаи маориф идома медиҳанд.
Ҳамин тариқ, дар чаҳорчӯби Анҷумани 2-юми ректорони мактабҳои олии ду ҷумҳурӣ беш аз 40 созишнома ба имзо расид, ки ҳамкории мутақобила дар масъалаҳои илмию таълимро пешбинӣ мекунанд.
Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳамкориҳои муваффақ ва фаъоли Беларус ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, пеш аз ҳама, хидмати сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко мебошад, хабар медиҳад “Ховар”.
Ифтитоҳи Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Ифтитоҳи Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар ДМТ
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои омодасозии муштараки мутахассисони инноватсионӣ, табодули барномаҳои таълимӣ, таҷриба дар самти тайёр кардани омӯзгорон ва самтҳои ояндадори ҳамкориҳои илмӣ баррасӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 дар Душанбе дар мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Беларус дар бораи масоили ҳамкориҳои муштарак дар бахшҳои маориф, илм ва сиёсати ҷавонон тавофуқоти мушаххас ҳосил шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0