Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд наздик ба 1,2 млрд сомонӣ расид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории Хуҷанд ахиран таъкид кардааст, ки дар соли равон барои рушди босуръати соҳаи саноат чораҳои судманд андешида шудааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 1 млрд 167 млн сомонӣ баробар гашта, рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2%-ро ташкил додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин миқдор ба маблағи 343,6 млн сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 51,2 млн. сомонӣ ё 12,4 дар сад афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки ин раванд барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор гузоштааст.
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Мақомоти Суғд сабаби фаъолият накардани 159 корхонаро шарҳ дод
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон 49 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 254 адад расид.
Илова карда шудааст, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 292 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Лентаи хабарҳо
0