Се заминҷунбӣ дар Ҳироти Афғонистон дар як рӯз

© AP / B.K.BanagashМужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото
Мужчина указывает на сейсмографические данные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар медиҳад, ки дар вилояти Ҳироти Афғонистон, ки дар марзи Эрон воқеъ аст, се заминларза дар як рӯз рух додааст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар як рӯз дар ҷануби Афғонистон рух додани пайиҳам се заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар додааст.
Соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ заминларза ба шиддати 4,9 дараҷа сабт шудааст.
Заминларза боз дар наздикии вилояти Ҳирот, 40 километрии шимолтар ба амал омад.
Маркази заминларза дар умқи 10 километр воқеъ будааст.
Қаблан соати 14:46 ба вақти маҳаллӣ заминларзаи дуввум рух дода буд ва он ҳам дар вилояти Ҳироти Афғонистон ба қайд гирифта шуда буд. Шиддати заминларза 4,7 бал буда, маркази заминларза дар умқи 55 километр будааст.
Афганские дети стоят возле дома, который был разрушен в результате землетрясения, Афганистан, 22 июня 2022 г - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона мефиристад
Ёдовар мешавем, ки соати 11:54 ба вақти маҳаллӣ дар вилояти Ҳирот аввалин заминларзаи бо шиддати 4,6 бал ба қайд гирифта шуда буд.
Илова бар ин, рӯзи 7 октябр Маркази сейсмологии аврупоӣ чанд заминларзаро дар ғарби Афғонистон бо шиддати то 6,4 балл сабт карда буд.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои мақомоти феълии Афғонистон бар асари заминҷунбиҳои ахзир дар вилояти Ҳирот беш аз 2400 нафар кушта ва бештар аз ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.
Лентаи хабарҳо
0