Тамрини низомиёни Тоҷикистон дар Қирғизистон шурӯъ мешавад

© Sputnik Военные учения ОДКБ в Таджикистане "Рубеж-2022"
Военные учения ОДКБ в Таджикистане Рубеж-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Тамрини низомии кишварҳои узви СПАД дар маркази таълимии "Эделвейс" дар соҳили Иссиқкӯли Қирғизистон аз 9 то 13 октябр баргузор хоҳад гашт
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар Қирғизистон тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони АҳдномаиАмнияти Дастаҷамъӣ “Бародарии осебнопазир-2023” оғоз мешаванд.
Дар ин бора вазорати низомии Қирғизистон хабар додааст.
Тамрини низомиён дар маркази таълимии "Эделвейс" дар соҳили Иссиқкӯл баргузор хоҳад шуд.
"Таълимҳои нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои узви СААД аз 9 то 13 октябр дар ҳудуди қисми низомии 20636-и Вазорати дифоъ идома хоҳанд кард", - омадааст дар хабарнома.
Ба ин кишвар контингентҳои низомии Русия, Қазоқистон, Белорус ва Тоҷикистон ворид шуданд. Ҳамчунин, дар тамринҳои муштарак гурӯҳҳои оперативии ситоди муштарак ва котиботи СААД ширкат мекунанд.
В Кыргызскую Республику для участия в совместном учении с Коллективными Миротворческими силами государств-членов ОДКБ Нерушимое братство-2023 прибыл воинский контингент Вооруженных Сил Республики Таджикиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Низомиёни тоҷикро дар Қирғизистон бо нону намак пешвоз гирифтанд - акс
Ҳарбиён амалиёти посдори сулҳро омода ва анҷом медиҳанд. Ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ "такмили маҳорати амалии ҳайати низомӣ, баланд бардоштани ҳамоҳангии ҷузъу томҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар ҷараёни амалиёти посдори сулҳ дар Осиёи Марказӣ" мебошад.
Нерӯҳои низомии СААД вазифаҳои ҳалли баъдиҷангӣ дар минтақаи бӯҳронӣ бо истифода аз нерӯву воситаҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона, масъалаҳои омодагии ҷангӣ дар гузаргоҳҳо ва қабули қурбониён, ҳангоми гусел кардани корвонҳо ва борҳо, озодкунии маҳалли аҳолинишинро тамрин мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0