Иштироки 5 давлати хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023"

© Sputnik Цветы в городе Душанбе в центре города
Цветы в городе Душанбе в центре города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Обуна шудан
Дар Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" ширкатҳои сохтмонии Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бораи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин намоишгоҳи байналмилалӣ аз 12 то 14 октябр дар пойтахт - шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар намоишгоҳи байналмилалии "TajBUILD-2023" ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд.
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоиши "TajBUILD-2023" беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Спецтехника на Международной хлопковой выставке в Ташкенте  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2023
Намоишгоҳи мошинсозии махсуси Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе
“Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ мегардад, ки метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.
Лентаи хабарҳо
0