Дастаи футзали Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё - 2024 роҳ ёфт

© ФФТТаджикские футзалисты
Таджикские футзалисты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
Ҳамин тариқ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳар се бозӣ пирӯзӣ ба даст овард. Қаблан мунтахабҳои Ҳиндустону Фаластинро шикаст доданд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дастаи футзали Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки бо роҳбарии Пайрав Воҳидов даста дар мусобиқаи интихобӣ мақоми аввалро касб кард.
"Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Тоҷикистон бар тими Мянмар бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд", - хабар медиҳад ФФТ.
Голҳоро Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров ва Комрон Алиев ба самар расониданд. Таъкид мешавад, ки футзалбозони тими миллӣ дар ҳар се бозии даври интихобӣ пирӯз шуданд.
Кубок арабских наций 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Тими миллии футзал нахустин бозиро бо дастаи Ӯзбекистон мегузаронад
Пештар футзали Тоҷикистон бар тимҳои Ҳиндустон (6:3) ва Фаластин (6:1) пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки футзалбозони Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар Ҷоми Осиё ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0