Истихроҷи беш аз 1 млн. тон ангишт дар вилояти Суғд

© Shutterstock/small smilesРуки с углём
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
Мақомоти Суғд эълон кардааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон истихроҷи ангишт ва истеҳсоли сементро дар вилоят афзоиш додаанд
ДУШАНБЕ, 12 окт— Sputnik. Дар вилояти Суғд давоми моҳи январ-сентябри соли равон 982 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст.​
ДАр ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар бахши энергетикаи мамлакат таъсири ангишт бағоят калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи он тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Истеҳсоли ангишт барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар давраи тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муҳим аст.
Система орошения на складе угля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душанбе 1,1 млн. тонна ангишт захира мекунад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода будем, ки қарор аст "Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и ҶСК "Барқи Тоҷик" барои гузаронидани фасли зимистон дар ҳаҷми 1,1 млн тонна ангишт захира намояд.
Захираи умумии ангишт дар ин иншоот то 1 октябри соли равон 852 ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0