Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Украина дар як ҳафта танҳо дар як хати ҷабҳа беш аз 1285 сарбозашро аз даст дод

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБойцы группы Вагнера в центре Артемовска
Бойцы группы Вагнера в центре Артемовска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд артиши украина дар як ҳафта беш аз 1285 сарбозашро дар хати ҷабҳаи Ҷануби Донетск аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Гурӯҳи нерӯҳои артиши Русияи "Восток" дар самти Ҷануби Донетск дар як ҳафта 8 ҳамларо рафъ карда, вазъро дар хатти ҷабҳа беҳтар карданд, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.
“Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин давра беш аз 1285 сарбоз ва 47 техникаро аз даст доданд”, - иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
"Дар самти Ҷануби Донетск артиши Русия бо амалиёти ҳамоҳангшуда вазъ дар хатти ҷабҳаро дар тӯли як ҳафта беҳбуд кард, 8 ҳамлаи душманро дафъ карданд. Ҳамчунин, фаъолияти се гурӯҳи тахрибкорони украинӣ қатъ карда шуд. Дар тӯли як ҳафтаи гузашта душман 1285 сарбоз кушта ва захмӣ, даҳ мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 22 мошин, 14 тӯпхонаи саҳроӣ ва як мошини мушакандози ҷандгонаи “Град”-ро аз даст додааст.
Боевая подготовка подразделений ВДВ на полигоне в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зарбаи артиши Русия ба минтақаи Роботино ва Вербовое дар Украина
Ёдовари мекунем, ки нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобӣ анҷом дода, ба бригадаҳои ҷангие, ки НАТО тамрин кардаанд ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, партоб мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафар, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро талаф додаанд.
Лентаи хабарҳо
0