Ҷамъоварии картошка дар Деваштич идома дорад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСбор овощей в фермерском хозяйстве
Сбор овощей в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Обуна шудан
Қисми зиёди ҳосил Дар ин ноҳия ҷамъоварӣ шуда, танҳо дар минтақаҳое, ки ҳавои нисбатан сард дорад, ғундории картошка идома дорад
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Сокинону деҳқонони ноҳияи Деваштич ҳоло машғул ба ғундоштани ҳосили картошка ҳастанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, имсол деҳқонон нақша доранд истеҳсоли картошкаро то ба 230 ҳазор тон расонанд.
Гуфта мешавад, аксари ҳосили картошка дар Деваштич ҷамъоварӣ шудааст ва танҳо дар минтақаҳое, ки ҳавои нисбатан сардтар доранд, ҷамъоварии он идома дорад.
Манбаъ меафзояд, сокинони ин ноҳияи аллакай дар таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматӣ картошка ва тухмии онро захира мекунанд.
Дар ин ноҳия 12 намуди тухмии картошка парвариш карда мешавад ва тибқи дурнамо деҳқонон азм доранд, то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тон расонанд.
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Раҳмон аз раисон хост, ки ҳар оила ғизо захира кунад
Котиботи раиси вилоят мегӯяд, кишоварзони ноҳияи Дешваштич тӯли солҳои охир ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбари давоат​ майдони кишти картошкаро наздик 1000 гектар зиёд намуданд.
Қаблан Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҳосилнокӣ дар бархе аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки таъминкунандаи аслии ин маҳсулот барои пойтахт мебошанд, изҳори нигаронӣ карда буд.
Ҳамин тариқ, дар 33,5 ҳазор га замин тухмии картошка шинонда шуд, ки ин 84 % майдони киштро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳарчанд нисбат ба соли 2022 қариб 1,4 ҳазор га бештар маҳсулот кошта шуда бошад ҳам, ин нисбат ба соли ҷорӣ 6,5 ҳазор га камтар аст.
Лентаи хабарҳо
0