Дар Хатлон хоҷагиҳои моҳипарварӣ афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкРрыбоводное хозяйство
Ррыбоводное хозяйство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон аз афзоиши истеҳсоли моҳи дар нӯҳ моҳи соли равон хабар доданд.
Ба иттилои ҳукумати вилояти давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1835 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 301 тонна зиёд мебошад.
Ҳамчунин ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи ҳукумати кишвар ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад.
Моҳии капур (карас) - и Садри Шаҳид, ки ба нияти нек оварда шуда, аммо ба хӯрдани моҳиёни зиёратгоҳ машғул аст
Карп в Садри Шахиде, привезенный с добрыми намерениями, но он поедает рыбы святилища - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2023
Таъсиси Ассотсиатсияи моҳипарварон дар ВМКБ
“Ба ин хоҷагиҳо ба масоҳати умумии 2339,5 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, боиси истеҳсоли зиёди моҳи гардидааст. Ба ҳолати 1 октябри соли равон ба миқдори беш 1835 тонна моҳӣ истеҳсол шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қайд гардид, ки айни ҳол дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ 2 миллиону 724 ҳазор дона моҳича парвариш мешаванд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 562 ҳазор донна зиёд буда, ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0