Станакзай: Ҳамсояҳо аз муҳоҷирони афғон ба унвони фишор бар Афғонистон истифода мекунанд

© Фото : twitter account of Inamullah SamanganiЗаместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай
Заместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2023
Обуна шудан
Мақомоти феълии Афғонистон аз нигаронии муҳоҷирони афғонистонӣ аз бадтар шудани рӯзафзуни авзоъ дар Покистон ва соири кишварҳои ҳамсоя хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, узви аршад ва муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи ҳукумати толибон* мегуяд ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз кишварҳои ҳамсоя шиддат ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи вай кишварҳои ҳамсоя аз муҳоҷирони афғонистонӣ ба унвони абзори фишор бар ҳукумати ин гурӯҳ истифода мекунанд.
Вай ҳамчунон гуфтааст, ки муҳоҷирони афғонистонӣ бо вуҷуд доштани асноди қонунӣ аз Покистон ихроҷ мешаванд.
Ба гуфта вай "ин амалро ки онҳо анҷом медиҳанд, хилофи протокол ва қарордоде аст, ки миёни Афғонистон ва Покистон имзо шудааст”.
Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Кобулов: бе ҳукумати фарогир аз Афғонистон чизе боқӣ намемонад
“Дар он барнома гуфта шуда буд, ки афғонҳо ҳар замоне, ки бихоҳанд ба дили худ метавонанд ба Афғонистон баргарданд, на ба зуру фишор, аммо шумо мебинед, ки ин ба унвони фишор истеъмол мешаванд", қайд кард оқои Станакзай.
Дар ҳамин ҳол, вазорати сарҳаддоти Покистон ахиран бо пахши хабарномае гуфт, ки афғонҳое, ки дар Покистони дорои корти иқомат ҳастанд, метавонанд барои муддати кӯтоҳе дар Покистон бимонанд ва пулис ҳақи боздошт ва ихроҷи онҳоро надорад.
Толибон* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ аст.
Лентаи хабарҳо
0