Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские фрукты и овощи в Декхане
Таджикские фрукты и овощи в Декхане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2023
Обуна шудан
Қарор аст, то соли 2025 дар Тоҷикистон 5 маркази логистикӣ бунёд шавад, ки ба афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба беш аз 20 кишвари ҷаҳон ба хориҷи наздику дур содир мешавад.
Дар ин бора вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода дар сӯҳбат бо хабарнигори "Ховар" иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳаҷми умумии маҳсулот 92% маҳсулот ба кишварҳои ИДМ ва 8%-и он ба кишварҳои хориҷи дур фиристода мешавад.
Вазир қайд кард, ки бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон имсол бори аввал ба хориҷи кишвар тухм ва гӯшти мурғ содир карда шуд.
Дар соли 2022 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 943 тонна тухм (16 миллион дона) фиристода шудааст. Ӯзбекистон низ 23 тонна гӯшти мурғ ва 3,2 миллион дона тухм гирифтааст.
Погрузка контейнеров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2023
Тоҷикистон ҳаҷми содирот ба Русияро афзоиш дод
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2021 барои таъсиси марказҳои логистикӣ тасмим гирифта шуд, ки ба ин васила ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.
Дар натиҷаи созишнома бо Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди 5 Маркази фурўши яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе қарордод ба имзо расид, ки аз ҳисоби сармояи грантии хориҷӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Айни замон озмун барои лоиҳакашӣ, асосноккунии техникӣ ва назорати техникӣ оғоз гардида, сохтмони иншоот то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0