Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Душанбе наздик ба 3 млрд сомонӣ расид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе иддао дорад, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ 121,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Таъкид карда шудааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 млрду 976 млн сомонӣ расонида шуд, ки аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 68,7%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 28,2%, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 1,5% ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 1,6%-ро ташкил додааст.
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Мақомоти Суғд сабаби фаъолият накардани 159 корхонаро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вилояти Суғд гузориш дод, ки давоми 9 моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 18 млду 158 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 7,5 фоиз таъмин гардид.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 217 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 41 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурўъ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0