"Спетсмаш-Тоҷикистон 2023": дар Душанбе намоишгоҳи мошинҳо оғоз шуд

© SputnikВ Душанбе открылась выставка промышленной техники "Спецмаш Таджикистан 2023"
В Душанбе открылась выставка промышленной техники Спецмаш Таджикистан 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Зеваршо Зеваршоев гуфт, корхонаҳои кишвар борҳо таҷҳизоти Русияро харидорӣ кардаанд, ки ҷавобгӯи талаботанд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Душанбе намоишгоҳи махсуси мошинҳои Русияву Тоҷикистон бо номи "Спетсмаш - Тоҷикистон 2023" ифтитоҳ ёфт.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки намоишгоҳ дар маҳалли маҷмааи Кохи Борбад ҷойгир шудааст.
Қайд карда мешавад, ки меҳмонон метавонанд бо тракторҳо, мошинҳои коммуналӣ ва оташнишонии сохти Русия, замимаҳо барои таҷҳизот, инчунин таҷҳизоти махсус барои истеҳсоли шир, фабрикаҳои мурғпарварӣ ва дигар корхонаҳои кишоварзӣ шинос шаванд.
Жители города Худжанд на площади Регистан перед городским рынком Панчанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Аз чой то маҳсулоти заргарӣ: Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Хуҷанд
Чунон ки намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков хабар дод, дар ҷумҳурӣ талабот ба таҷҳизоти хушсифат меафзояд.
"Суръати тези рушди саноат, ки аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад ва афзоиши устувори иқтидори содиротии кишоварзӣ омили пешбарандаи рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон мебошад", - иброз дошт ӯ.
Дар навбати худ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Зеваршо Зеваршоев гуфт, ки корхонаҳои кишвар борҳо таҷҳизоти Русияро харидорӣ кардаанд.
Дар намоишгоҳи махсуси мошинҳои Русияву Тоҷикистон “Спетсмаш-Тоҷикистон-2023” беш аз 9 корхонаи тавлидии Русия ширкат доранд. Нахустин чунин намоишгоҳ 2 сол пеш дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0