Ваъда иҷро шуд: Рустами Эмомалӣ ба ғолибони Бозиҳои осиёӣ калиди хонаҳоро дод

© AFP 2023 / ADEK BERRY Сборная Таджикистана на церемонии открытия летних Азиатских игр 2018
Сборная Таджикистана на церемонии открытия летних Азиатских игр 2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон варзишгаронро, ки медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дарёфт карданд, шодбош гуфт ва ваъдаи додаашро иҷро кард
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ғолибон аз Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ ҷоизаҳои ваъдагии шаҳрдҳориро гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон варзишгаронро бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шодбош гуфт.
Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ барафрохтани парчами Тоҷикистонро дар Бозиҳои XIX осиёӣ дар Ханчжоу нодида нагирифт.
Ҳамин тариқ, ҷудокор Сомон Маҳмадбеков ва муштзан Давлат Болтаев калиди манзилҳои сеҳуҷрагиро гирифтанд.
Манзили дуҳуҷрагӣ ба ҷудокор Темур Раҳимов, ки медали нуқра гирифта буд, дода шуд.
Манзилҳои якҳуҷрагӣ дар Душанбе ба ҷудокорон Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров, Беҳрӯз Хоҷазода ва муштзан Миҷгона Самадова дода шуданд.
Таджикский боксер Давлат Болтаев на Азиаде - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Болтаев барои Тоҷикистон медали тило овард
Ёдовар мешавем, ки XIX- умин Бозиҳои Осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ҳанжоуи Чин баргузор шуданд.
Дар онҳо ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат варзида, аз рӯи 40 намуди варзиш ва 61 ришта мусобиқот баргузор шуд.
Ба ҳайати тими Тоҷикистон зиёда аз 110 нафар варзишгарон дохил шуданд, ки дар 18 намуди варзиш рақобатҳо оростанд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа тими муштзанҳои ҷумҳурӣ 2 медал гирифт. Давлат Болтаев медали тилло ва Миҷгона Самадова биринҷӣ гирифта, ҳамзамон ба Олимпиадаи соли 2024, ки дар Париж доир мешавад, роҳхат гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0