Доварони тоҷик бозиҳои Лигаи қаҳрамонии Осиё ва Ҷоми КФО -ро ҳакамӣ мекунанд

© Федерация футбола ТаджикистанаТаджикский футбольный арбитр
Таджикский футбольный арбитр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Ҷамъан панҷ нафар аз доварони тоҷик бозиҳоҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО ва Ҷоми КФО -2023/24 - ро ҳакамӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Як қатор доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамӣ дар бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё даъват шудаанд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи "G" хоҳад буд.

Ӯ бозии бошгоҳҳои "Йокагама Ф-Маринос"- Ҷопон ва "Кайя Илоило" -и Филиппинро ҳакамӣ хоҳад кард. Бози ин ду бошгоҳ рӯзи 23 октябр дар Йокогама баргузор мешавад.
Четыре арбитра из Таджикистана получили назначения на обслуживание матчей отборочного турнира Кубка Азии-2024 среди олимпийских сборных до 23 лет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Доварони Тоҷикистон марҳилаи интихоботии Ҷоми Осиёи-2024-ро ҳакамӣ мекунанд
Ҳамчунин ҳайати доварон аз Тоҷикистон иборат аз довари марказӣ Насрулло Кабиров, ёварон Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар чаҳоргонаи "А"-ро байни бошгоҳҳои "Ал-Наҳда" (Уммон) ва "Ал-Футува" (Сурия) ҳакамӣ мекунанд.
Бозӣ рӯзи 23 октябр дар Маскат сурат мегирад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон зикр намуд, ки Сайёдҷон Зайниддинов, довари дигари тоҷик низ барои ҳакамӣ даъват шудааст ва ӯ ҳамчун довари эҳтиётӣ бозии бошгоҳҳои "Одиша"- и Ҳиндустон ва "Мазия" -и Малдивро, ки рӯзи 24 октябр баргузор мегардад, ҳакамӣ мекунад.
Пештар доварони тоҷик марҳилаи интихоботии Ҷоми Осиёи-2024-ро ҳакамӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0