"Мо бо Байден розӣ ҳастем": Маскав ва Вашингтон ниҳоят ҳамфикр шуданд

© AP / Alex BrandonПрезидент Джо Байден шутит о том, к какому репортеру обратиться с вопросом, Белый дом, Вашингтон, США
Президент Джо Байден шутит о том, к какому репортеру обратиться с вопросом, Белый дом, Вашингтон, США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Обуна шудан
Байден Русия ва Чинро бо нияти ҷорӣ намудани тартиботи нави ҷаҳон муттаҳам мекард, ҳоло бошад худ чунин пешниҳод дорад
Рӯзи душанбе котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт: "Мо комилан бо ҷаноби Байден розӣ ҳастем. Ин як ҳодисаи нодир аст, ки мо ба гуфтаҳои ӯ комилан розӣ мешавем. Солҳои охир мо воқеан ҳам дар бораи созиши комили Кремл ва Кохи Сафед кам мешунавем. Ва акнун ин имконият фаро расид!
Ин як изҳороте буд, ки Ҷо Байден дар як маъракаи пешазинтихоботӣ барои маблағгузорони ин маърака изҳор дошт. Бо вуҷуди он, ки президенти ИМА канда-канда ва баъзан норавшан гап мезад, ин ибораро бурро эълон кард: "Ба мо тартиботи нави ҷаҳонӣ лозим аст". Истед, магар Ғарб тайи чанд соли охир Русия ва Чинро дар талош барои “вайрон кардани тартиботи мавҷудаи ҷаҳон” муттаҳам намекард? Таҳримҳо алайҳи мо ҳам дар ин асос роҳандозӣ шуданд. Ҷозеп Боррел, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо соли гузашта гуфта буд, ки ба воситаи ин гуна тадбирҳо тартиботи ҷаҳониро аз таҷовузи Русия ҳифз хоҳем кард.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Амрикоиҳо аз тасмими Байден дар бораи Украина ба даҳшат афтоданд
Ду со қабл котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, тамоми нутқи худро ба зарурати ҳифзи тартиботе, ки пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, бахшид. "Мақсади мо танҳо ҳифз, нигоҳ доштан ва барқарор кардани ин тартибот аст", - тантанавор изҳор дошт ӯ.
Ва расонаҳои либералӣ ҳам барои рад кардани ниятҳои Коҳи Сафед барои тағйир додани тартиботи мавҷудаи ҷаҳонӣ чӣ қадар кӯшиш ба харҷ доданд. Масалан, рӯзномаи USA Today якчанд маротиба маводҳоро нашр кард, ки дар онҳо "назарияҳои тавтиъа" дар бораи чунин нақшаҳои Байденро қатъиян рад кард. Ҳанӯз дар моҳи марти соли гузашта ин рӯзнома навишта буд: "Байден аз "тартиботи нави ҷаҳонӣ" ёдовар шуда, тағйироти байналмилалиро дар натиҷаи муноқишаи Русия ва Украина тавсиф мекард, на аз як назарияи тавтиъа дар бораи ҳукмронии ҷаҳон." Баъдан рӯзнома ба наздикӣ- якуним моҳ пеш ин гуна далелҳоро такрор кард. Ва ҳоло Байден аллакай нақшаҳои худро ошкоро эълон мекунад, гӯё ин изҳоротро рад мекунад.
Маълум аст, ки президенти ИМА ҳозир қодир нест, ки стратегияҳои амиқ ва ҳатто фикру ақидаҳои худро возеҳ таҳия карда тавонад. Барои фаҳмидани суханони ӯ, шумо бояд онҳоеро гӯш кунед, ки барояш баромад менависанду нақша таҳия месозанд. Дар ин маврид, беҳтар аст, ки ба суханронии барномавии як моҳ пеши Блинкен дар бораи "мушкилоти дипломатияи Амрико дар замони нав", рӯ орем. Дар он вай қотеъона аз хотимаи тартиботи ҷаҳонии баъди "ҷанги сард" ва огози сохти навро, ки бо роҳбарии Штатҳои Муттаҳида барпо карда мешавад, эълон мекунад. Ҳоло Байден тасдиқ кард, ки ин сиёсати расмии маъмурияти ӯ аст.
Ин изҳорот фавран аз ҷониби ВАО-и либералӣ ва сиёсатмадороне, ки ба Байден балегӯӣ мекунанд, дастгирӣ ёфт. Аввалин шуда, собиқ сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон садо баланд кард. Танҳо сарлавҳаи мақолаи ӯ арзанда аст: "Байден ҳақ аст. Амрико умеди охирини замин бар зидди бадӣ, ки алайҳи озодӣ ва демократия нигаронида шудааст." Авҷи болои дурӯягӣ!
Интервью Сергея Лаврова гендиректору Россия сегодня Дмитрию Киселеву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Аз сиёсат то таҳримот: Сергей Лавров дар мусоҳиба бо Киселев аз чӣ мегӯяд - видео
Ҷонсон, ки пайрави Уинстон Черчилл ва муаллифи мафҳуми “Бритониёи ҷаҳонӣ” аст, дар мақолаи худ иҷборан эътироф мекунад, ки кишвараш дигар қодир нест, ки нақши гегемони ҷаҳониро бозад ва аз ин рӯ бо меҳрубонӣ аз ин мақом ба фоидаи Штатхои Муттахида даст мекашад. Шарҳаш хеле содда аст, комилан дар рӯҳияи Ҷонсон: "Ман хоҳонам, ки Иёлоти Муттаҳида пешсаф бошад, на дигар номзадҳои кунунӣ (аз ҷумла Чину Ҳиндустонро номбар кард). Боиси хушнудист, ки президенти ИМА изҳори роҳбарии худро эълон кунад. Биёед ба як дастаи дуруст кӯмак кунем, то ғалаба кунад."
Дар ин ҷо мо бо Вашингтон розӣ нестем, чунон ки Дмитрий Песков низ изҳор дошт. Сараввал таъсиси тартиботи нави ҷаҳониро эълон карда, роҳбарияти Русия роҳи расидан ба ҷаҳони бисёрқутбӣ эълон кард. Ин нияти мо аз тарафи Хитой низ пурра пазируфта шуд.
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Оянда чӣ гуна хоҳад буд? Лавров мушкилоти аслии ҷаҳон, гунаҳкорон ва роҳҳои ҳалро гуфт
Байден, Блинкен, Ҷонсон ва дигар идеологҳои худхондаи тартиботи нави ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки ба мо консепсияеро таҳмил кунанд, ки онро як вақтҳо Редярд Киплинг дар шеъри худ "Сарбории одами сафед" тавсиф кардааст.Яъне, "нимдевҳо, нимкӯдакон" -и ваҳширо назорат кунед ва худро ҳатто бо сӯҳбат дар бораи озодии онҳо парешон накунед.
Сиёсатшиноси рус Сергей Михеев ин мафҳумро комилан дақиқ тавсиф кардааст: "Элитаи Ғарб пешниҳод мекунад, ки ҷаҳонро ягона назорат кунад. Танҳо мо бо “як чеҳра" ҳукмронӣ хоҳем кард. Шумо бояд аз ин хушбахт бошед. Дар баробари ин, мо албатта ҳамаи шуморо ба шаҳрвандони дараҷаи олӣ, дараҷаи якум, дуюм, сеюм ва ғайра тақсим мекунем."
Аммо ин ҳамон дунёест, ки дигар ба касе мувофиқ нест! Аз ин ҷост, ки Вашингтон Русияро дар кӯшиши тағйир додани тартиботи ҷаҳонӣ муттаҳам мекунад ва ҳамзамон ин корро талаб мекунад. Тавре сенатори рус Алексей Пушков изҳор медорад, "Иёлоти Муттаҳида наметавонад ҷаҳони навро роҳбарӣ кунад, чаро ки бо тамоми қудрат кӯшиш мекунад, ки ҷаҳони кӯҳнаро нигоҳ дорад."
Ҳамин тариқ, мо метавонем қайд кунем: Вашингтон кайҳо ва якравона ба тартиботи кӯҳнаи ҷаҳонӣ часпида, Русия ва Чинро муттаҳам мекунад, ки нияти нобуд кардани онро доранд, аммо ҳоло имконнопазирии нигоҳ доштани онро дарк кардааст. Ва дар ин бора мо ниҳоят ҳамфикр шудем. Бо вуҷуди ин, дастаи Байден ҳушдори Ҳенри Киссинҷерро дарк карда натавонист, ки "ҳеҷ кишваре, ки танҳо амал мекунад, тартиботи ҷаҳониро ташаккул дода наметавонад."
Бывший госсекретарь США Генри Киссинджер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2022
Киссинҷер: Баъд аз ҳодисаҳои Украина барои Русия дар сиёсат ҷой пайдо намоед
Дар ҳоле, ки Маскав ва Пекин ҷаҳони ҷанубиро ба тарафи худ ҷалб карда, симои ояндаро якҷоя ташаккул медиҳанд, Вашингтон боз кӯшиш мекунад, ки бори гарони сафедпӯсти неоколониалистиро ба дӯш гирад. Ба таври соддалавҳона лаззати балегӯёну дурӯяҳо ба монанди Борис Ҷонсонро чун афкори одамони зиёд медонанд. Аммо ин равиш дигар натиҷа надод, вагарна аз он даст кашидан чӣ маъно дорад?
Лентаи хабарҳо
0