Раҳмон бо шароити кори милисаҳо шинос шуду насиҳатҳо кард

© пресс-служба главы РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Ваҳдат бархе биноҳои нави марбут ба мақомоти корҳои дохилиро ба истифода дод
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдатро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои мазкур дар масоҳати наздик ба 2,3 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад.
Таъкид шудаст, ки атрофи шуъба чароғон карда шуда, бо камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон проводит рабочую консультацию с руководителями военных структур и правоохранительных органов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Ғизою либоси хуб диҳед: Дастури Раҳмон ба генералҳо дар мавриди даъвати наваскарон
Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии оҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин президент бо лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт шинос гардид.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро ба хизмати садоқатмандона ба Ватан даъват кардааст.
Вай масъулини мақомоти корҳои дохилиро ба саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ даъват намуд.
Лентаи хабарҳо
0