Теъдоди корхонаҳои хиштбарорӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкКирпичный завод
Кирпичный завод  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2023
Обуна шудан
Теъдоди умумии корхонаҳои хиштбарорӣ дар Тоҷикистон наздик ба 150 адад расид, ки қисмати бештари онҳо дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври онлайн ба фаъолияти корхонаи "Хишти Ваҳдат" оғоз бахшид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи Солҳои рушди саноат, ки то 2026 давом мекунад, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.
Таъкид гардидаст, ки корхонаи хиштбарорӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат дар домани кӯҳсор ҷойгир буда, дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Пилотный сегмент Казанской квантовой сети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2023
Дастури пайвастани илму истеҳсолот дар Тоҷикистон
Истеҳсоли хишт аз марҳилаҳои кандани хок, омехта кардан, қолаббурӣ ва пухтани он дар ҳарорати баланд иборат мебошад, афзуд манбаъ.
Корхона дар як шабонарӯз 30 ҳазор дона ва дар як моҳ 900 ҳазор дона хишти пухта тавлид мекунад, омадааст дар иттилоия.
"Барои бо сифат ва ба талаби замон истеҳсол намудани масолеҳи сохтмонӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Чин дастрас карда шудааст, ки онро мутахассисони тоҷик пурра идора менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки феълан дар ҷумҳурӣ 149 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 27 адад, дар вилояти Суғд 54 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 63 адад, дар вилояти Бадахшон 1 адад ва дар шаҳри Душанбе 4 адад фаъолият менамояд.
Лентаи хабарҳо
0