Ҳамос: Русия метавонад дар хатми ҷанг дар Ғазза нақши муҳим бозад

© AFP 2023 / JACK GUEZОбстрел сектора Газа со стороны Израиля
Обстрел сектора Газа со стороны Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Ҳамос нақши Русияро дар сатҳи байналмилалӣ, бахусус истифода аз вето дар посух ба мавқеи Амрико, ки аз ишғоли (Исроил - ред.) ҳимоят мекунад, қадр мекунад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Русия метавонад дар хатми ҷанг дар навори Ғазза ва расонидани кӯмак ба ин анклав нақши муҳим бозад.
Дар ин бора узви Бюрои сиёсии Ҳамос Ҳусам Бадран ба РИА “Новости” хабар дод.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори фаластинӣ, Ҳамос "нақши Русияро дар сатҳи байналмилалӣ, бахусус истифода аз вето дар посух ба мавқеи Амрико, ки аз ишғоли (Исроил - ред.) беохир ҳимоят мекунад, қадр мекунад".

"Аммо Русия метавонад дар хотима додан ба таҷовузи мардуми мо дар навори Ғазза ва фишори байналмилалӣ барои расонидани кӯмаки оҷил ба мардуми мо нақши бештаре бозад",- гуфт Ҳусам Бадран.

Дар ҳамин ҳол ВКХ Русия гуфт, ки дар ин дидор раҳоии фаврии гаравгонони хориҷие, ки дар навори Ғазза ҷойгир шудаанд ва масъалаҳои марбут ба таъмини кӯчонидани шаҳрвандони Русия ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави анклави Фаластин баррасӣ шуд.
Ҳамзамон ҷониби Маскав аз мавқеи тағйирнопазираш ба нафъи татбиқи қарорҳои маъруфи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амният ва СММ, ки таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро дар сарҳадҳои соли 1967 бо пойтахт дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ пешбинӣ мекунад, гуфтааст.
Вид на Московский Кремль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Кремл шарти ҳалли муноқишаи Фаластин ва Исроилро гуфт
Рӯзи панҷшанбе ҷунбиши Фаластинии Ҳамос эълом кард, ки дар Маскав муовини раиси Бюрои сиёсии ин ҷунбиш Мусо Абу Марзук ва муовини вазири умури хориҷии Русия Михаил Богданов мулоқот анҷом додаанд.
Дар ин паём гуфта мешавад, ки дар ин дидор раҳбарияти ҷунбиш ба мавқеи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар робита ба низои Фаластину Исроил ва талошҳои дипломатияи Русия баҳои баланд додааст.
Субҳи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд. То ҳол шиддати даргириҳо аз ҳарду ҷониб ҳазорҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштааст.
Палестинцы окло захваченного израильского танка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Таҷрибаи худӣ, ҷанги бегона: муноқишаи Исроилу Фаластин барои Душанбе чӣ маъно дорад?
Муноқишаи Фаластин ва Исроил даҳсолаҳо собиқа дошта, асосан дар заминаи қаламрав сар мезанад.
СММ бо нақши фаъоли Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1947 барои таъсиси ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор карда буд, аммо танҳо давлати Исроил таъсис дода шуд.
Исроил дар баробари эълон кардани созиш бо меъёри дудавлатии муайянкардаи СММ, қаламрави Фаластинро пурра озод накарда истодааст. Маскав татбиқи низоми дудавлатиро яке аз омилҳои таъмини амният дар минтақа медонад.
Лентаи хабарҳо
0