Видеои партоби рокети "Союз-2.1б" ба кайҳон аз пойгоҳи фазоии Плесетск – видео

Обуна шудан
Рокет бо таҷҳизоти кайҳонӣ, ки барои Вазорати дифои Русия аз вилояти Архангелск аз пойгоҳи фазоии “Плесетск” ба кайҳон партоб шуд
Вазорати дифои Русия видеои партоби мушаки "Союз-2.1б"-ро аз пойгоҳи кайҳонии Плесетски вилояти Архангелск интишор кард.
Партоб ахиран аз тарафи ҳайати ҷангии Нерӯҳои кайҳонии Русия анҷом дода шуд. Мушак вазифа дорад, ки таҷҳизотро ба кайҳон, ки барои вазорати дифоъи Русия лозим аст, барорад.
Партоби мушаки "Союз" бо моҳвораи "Луна-25" - аксҳои хотирмон
Вазорати дифои Русия барои 45 нафар донишҷӯёни мактабҳои ҳарбии Суворови Маскав, Тула ва Твер ба пойгоҳи фазоӣ маҳфили намоишӣ ташкил кард. Онҳо имкон пайдо карданд партоби ракетро бо чашмони худ бубинанд.
Ғайр аз ин, донишҷӯёни мактабҳои Суворов аз ҷойхои сайёҳии шаҳри Мирный дидан карданд. Онҳоро низомиёни барҷастаи пойгоҳи фазоӣ ҳамроҳӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0