Тоқаев мотами миллӣ эълон кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
Обуна шудан
Дар робита ба кушта шудани теъдоди зиёди конканҳо дар Костенко, кишвардори Қазоқистон дар саросари кишвараш мотами миллӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Қосимҷомарт Тоқаев, кишвардори Қазоқистон мотамро барои поси хотири қурбониёни садама дар кони вилояти Караганда эълон намуд.
Кишвардори Қазоқистон худ ба вилояти Караганда, дар ҷое, ки садамаи маргбор рух дод, сафар кард.
Тибқи маълумоти ахир, дар ин ҳодисаи нохуш дасти кам 28 конкан ҷон бохта, ҷустуҷӯи 18 нафари дигар идома дорад.
Фоҷиа дар кони Костенко замоне рух дод, ки дар он ҷо 252 конкан қарор доштаанд ва беш аз 200 нафарашон зинда берун оварда шудаанд.
Ситуация на угольной шахте в турецкой Амасре, где, в результате взрыва, погибли десятки шахтеров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
Фоҷеа дар Қазоқистон боиси марги 20 конкан шуд
Гуфта мешавад, пас аз ин фоҷиа Тоқаев ба ҳукумат дастур дод, ки ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо ин ширкатро қатъ кунад.
Девони вазирон тавзеҳ дод, ки раисиҷумҳур ин тасмимро ба он хотир қабул кардааст, ки ин дуввумин садамаи бузурге буд, ки ҷони конканҳоро гирифт.
Моҳи август дар кони "Казақстанская" сӯхтори шадид сар зад, ки дар натиҷа 5 конкан ҷон аз даст доданд. Сӯхтор дар ин кон ҳамоно хомӯш нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0