Варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои паралимпии осиёӣ бемедал баргаштанд

© Foto / ФФТТаджикские спортсмены не привезли медали с Азиатских игр
Таджикские спортсмены не привезли медали с Азиатских игр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Обуна шудан
Дар Ҳанчжоуи Чин чаҳорумин Бозиҳои паралимпии осиёӣ ба поён расид. Мунтахаби миллии Точикистон бе медал ба ҷумҳурӣ баргашт
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар чаҳорумин Бозиҳои паралимпии осиёӣ дар Ҳанжоу ягон медал ба даст наовард.
Дар ин бора Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар дод.
Аз рӯи натоиҷи бозиҳо Чин ҷои аввал, Эрон дувум, Ҷопон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар намояндагӣ карданд.
Дар ин бозиҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 3 ҳазор варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон дар 22 намуди варзиш ширкат доштанд.
Кишвари навбатии мизбони Бозиҳои паралимпӣ дар соли 2026 Ҷопон хоҳад буд.
Махмадбеков Сомон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Бовар дорам, талош мекунам: Сомон Маҳмадбеков азми гирифтани нишони олимпиро дорад
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ дар Бозиҳои паралимпии осиёӣ ҳеҷ гоҳ медал ба даст наовардааст.
Аммо ахиран гимнастҳои тоҷик дар 13-умин чемпионати Осиё оид ба акробатика дар Тошканд мақоми севумро касб карданд.
Лентаи хабарҳо
0