Ҷабҳаи фарҳангӣ: Ансамбли казакҳои Петербург хуҷандиёнро ба ҳайрат овард - видео

Обуна шудан
Ба гуфтаи хабарнигор толори пур аз тамошобин ҳар як баромади ҳунармандонро бо садои кафкубӣ ва ҳаёҳуи истиқбол мегирифтанд
Ансамбли казокҳои"Атаман" аз Санкт-Петербург дар нахустин сафари эҷодии худ дар Тоҷикистон садҳо сокини Хуҷандро дар ҳайрат гузошт.
Ба гуфтаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар толор ҳузур дошт, барномаи ғайриинтизор иҷрои таронаи маъруфи “Ситораи ман” ба забони тоҷикӣ буд.
Тамошобинон, ки ба толори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ омада буданд, бо кафкӯбиҳои бардавом ба ҳунармандон миннатдорӣ баён карданд.
Ансамбли “Атаман”-и Русия садҳо нафарро дар Хуҷанд ба ҳам овард
Хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Суғд низ барномаи рангини ҳунармандони ансамбли "Атаман"-ро бо завқи зиёд тамошо карда, истеъдоди баланди онҳоро бо кафкӯбиҳо қадр намуданд.
Ин нахустин сафари ҳунармандони гурӯҳ ба Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи раҳбари иттиҳодияи эҷодӣ Даря Кутс, ансамбл имсол 20-солагии худро қайд мекунад.
Театри мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо Петербург ҳамкорӣ мекунад
Ба гуфтаи вай, созандаи ин гурӯҳ афсари нерӯҳои вижа аст, ки дар Афғонистон ва Ангола хидмат кардааст.
Баъди ба нафақа баромадан қарор дод, ки хизмати Ватанро давом диҳад ва ҳамчун "ҷабҳаи фарҳангӣ" ансамбл ташкил кард.
Лентаи хабарҳо
0