Дар Душанбе 7 корхонаи нави саноатӣ кушода шуд

© Пресс-служба Президента РТШвея на производстве
Швея на производстве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Обуна шудан
Иншоотҳо дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, ки 4000 ҷойи нави кориро фароҳам сохт
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон якбора ҳафт корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ гардид.
Дар ин маросим раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин корхонаҳо беш аз 4 ҳазор нафар метавонанд бо кор таъмин шаванд.
Иншооти мазкур дар чаҳорчӯби Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки корхонаҳо ҷавобгӯ ба низоми ҷаҳонӣ бунёд шуда, таҷҳизоти онҳо аз Русия, Чин ва Туркия ворид шудааст.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Ширкатҳои Русия дар МОИ-и Тоҷикистон корхона месозанд
Ҳамин тариқ, пас аз таъмир дар ҶСК "Гулистони Душанбе" ба истифода додани 3 хатти нави технологии замонавӣ роҳандозӣ гардид, ки дар онҳо истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.
Гуфта мешавад, ки корхона имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯйи маҳсулот истеҳсол намояд.
Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот суръат бахшад ва ба таъмини шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва бахши иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Инчунин дар пойтахт корхонаи нассоҷии ҶДММ "Арвис" ва корхонаи қаннодии ҶДММ "Амирӣ" кушода шуданд.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳр корхонаву коргоҳҳо бунёд ва азнавсозӣ шуда, ба ин васила афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ таъмин мегардад.
Лентаи хабарҳо
0