Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши байналмилалии нақлиётии СҲШ ширкат мекунад

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета национальных координаторов государств ШОС
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Обуна шудан
Иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва бунёди долонҳои нави нақлиётию логистикиро дар фазои СҲШ баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нахустин ҳамоиши байналмилалии нақлиётии СҲШ дар Тошканд ширкат мекунад.
Дар ин бора аз вазорати дахлдори ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ намояндагони 15 кишвар ва 60 ширкати бузург дар чорабинӣ ҳузур доранд.
Ба ин тартиб, Азим Иброҳим дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш тасмим гирифтааст, роҳҳои таҳкими ҳамкориҳоро бо ҳамкасбон аз кишварҳои узви ин иттиҳодия пешниҳод кунад.
Председатель Исполкома СНГ Сергей Лебедев на 94-м заседании экономического совета СНГ в Нур-Султане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Лебедев ҳамкории ИДМ, СҲШ ва СПАД-ро барои муқовимат бо Ғарб муҳим медонад
Илова бар ин, ширкаткунандагони форуми нахустини нақлиётии Созмони ҳамкориҳои Шанхай масъалаҳои рушди зерсохтори нақлиётӣ ва бунёди долонҳои нави нақлиётию логистикӣ дар фазои иттиҳодияро баррасӣ мекунанд.
Тибқи барнома, дар ҳошияи форум ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, форуми байналмилалии авиатсионии Aviation and Logistiks 2023, инчунин намоишгоҳи байналмилалии Trans Logistica Uzbekistan 2023 баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0