"Регар-ТадАЗ" имкони боқӣ мондан дар Лигаи олиро аз даст дод

© © FC Istiklol DushanbeФутбольный матч, душанбинский "Истиклол" против турсунзадевского "Регар-ТадАЗом"
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Обуна шудан
Дастаи футболи Тунсунзода пас аз бозӣ бо тими "Хуҷанд шумораи имтиёзҳояшро дар ҷадвали мусобиқот ба 24 адад расонида дар зинаи 9 - ум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дастаи "Регар-ТадАЗ" - и Турсунзода аз Лигаи олии футболи Тоҷикистон хориҷ шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин тим дар доираи бозиҳои даври охири марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон дар гурӯҳи “Б” бо тими "Хуҷанд" -и шаҳри Хуҷанд сабқат кард.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.
Пас аз ин мусовӣ дастаи “Регар-ТадАЗ” имконияти боқӣ мондан дар мавсими ояндаи Лигаи олиро аз даст дод.
Футболисты ФК Истиклол на сборах в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
"Истиқлол" бори 10 - ум Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шуд
Футболбозони шаҳри Турсунзода танҳо дар сурати пирӯзӣ метавонистанд, ки дар Лигаи олӣ боқӣ монанд, лек бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Дастаи “Регар-ТадАЗ” пас аз ин мусовӣ шумораи имтиёзҳояшро дар ҷадвали мусобиқот ба 24 адад расонида, дар зинаи 9-ум боқӣ монд. Дастаи “Хуҷанд” бо 26 имтиёз дар зинаи 7-ум мавсимро ҷамъбаст кард.
Зимнан, дар бозии дигар дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бози кард. Вохӯрии онҳо бо ҳисоби 3:1 ба нафъи дастаи "Ҳосилот" анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0