Тоҷикистон меъёри бозтамвилро боло набурд

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Обуна шудан
Ин барои дар доираи эътидол нигоҳ доштани болоравии нархҳои молу хизматрасониҳо кӯмак хоҳад кард, ки аз сатҳи пешбинишудаи 6,2% берун нараванд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар сатҳи 10% нигоҳ дошт, ки ин ба интизориҳои таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд - БАОР мувофиқат мекунад.
Ин нукта дар гузориши ҳарҳафтаинаи созмони байналмилалии молӣ гуфта мешавад.
Ба гуфтаи таҳлилгарони БАОР, ин барои назорат кардани болоравии нархи молу хизматрасониҳо кӯмак хоҳад кард, то аз сатҳи пешбинишудаи 6,2% берун нараванд.
Аз моҳи августи соли ҷорӣ таваррум пас аз даврае, ки нархҳо амалан боло нарафтанд, мӯътадил мондаст.
Илова бар ин, таҳлилгарони БАОР қайд карданд, ки иқтисоди Тоҷикистон суръати баланди рушдро ҳифз кардааст.
Меъёрҳои калидии маблағгузорӣ дар кишварҳои ИДМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Нишондоди меъёри бозтамвил дар кишварҳои ИДМ: Тоҷикистон дар кадом зина?
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли қаблӣ 8,3% афзудаст.
Соҳаҳое, ки ба истеъмоли дохилӣ ва сармоягузорӣ нигаронида шудаанд, аз қабили тиҷорат ва сохтмон, дар рушди иқтисодӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Аз рӯи нишондоди меъёри бозтамвил Тоҷикистон дар панҷгонаи кишварҳои ИДМ бо баландтарин меъёри бозтамвил ҷой дорад. Қазоқистон дар садри рӯйхат ва Русия ҳамакнун бо 15% аз зинаи чорум то дуюм боло рафт.
Миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Тоҷикистон пас аз Туркманистон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарини меъёри бозтамвил дорад. Меъёри бозтамвил дар Туркманистон 5% мебошад.
Лентаи хабарҳо
0